Кумаки таҷҳизотии Ҷопон ба бахши дармонии Тоҷикистон
(last modified Sun, 05 Dec 2021 12:13:08 GMT )
Декабр 05, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
  • Кумаки таҷҳизотии Ҷопон ба бахши дармонии Тоҷикистон

Давлати Ҷопон 3 миллион доллар ба бахши дармонии Тоҷикистон кумак кард.

Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон таҷҳизоти мавриди ниёзи беморхонаи барои дармони мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистонро ба арзиши 3 миллион доллар ба мақомоти Вазорати тандурустии ин кишвар таҳвил дод.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВек, Тукюку Миёсути сафири Ҷопон дар Душанбе ва Муниё Тукусики намояндаи Ожонси ҳамкориҳои байналмилали Ҷопон дар Тоҷикистон ин таҷҳизотро, ки барои дармони беморони мубтало ба Ковид-19 истифода мешавад ба Муҳсин Ғафурзода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон таҳвил доданд.

Ин таҷҳизот шомили 8 дастгоҳи  оксигенсоз аст, ки беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ниёзи шадид ба онҳо доранд.

Пештар низ ин ниҳоди ҷопонӣ 6 дастгоҳи оксигенсоз дар беморхонаҳои Тоҷикистон насб карда буд.

Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон аз соли 1993 то кунун тарҳҳои зербиноӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоъиро дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика, омузишу парвариш, беҳдошту дармон ва обёрии Тоҷикистон иҷро карда ва дар ин муддат барои 2 ҳазору 380 нафар аз мутахассисони тоҷик давраҳои донишафзоӣ баргузор карда аст.

Дар ҳоли ҳозир Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон 44 тарҳро ба арзиши 418 миллион доллар дар Тоҷикистон дар дасти иҷро дорад, ки 324 миллион доллари он ройгон аст.