Тавқифи норангӣ ва ангури қочоқӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон
Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз тавқифи ду худрави шахсии шаҳрвандони ин кишвар, ки қасди воридоти қочоқии норангӣ(мандарин) ва ангур аз Тоҷикистонро доштанд, хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, дар мавриди нахуст худрави шахсии шаҳрванди Қирғизистон дар марзи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тавқиф шуд, ки қасд дошт наздик ба 500 кило норангиро аз Тоҷикистон қочоқӣ ворид кунад .
Марзбонони қирғиз дар мавриди дувум аз худрави шахсии як шаҳрванди Қирғизистон наздик ба 500 кило ангурро дар ноҳияи Ботканд кашф карданд,ки аз Тоҷикистон ба таври қочоқӣ ворид мешуд.
Акнун алайҳи ин ду шаҳрванди Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи мева аз Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст. Пас аз даргирии хунини марзии рӯзҳои 28-29 апрели соли ҷорӣ дар марзи вилоятҳои Суғду Ботканд, ки 55 нафар кушта ва беш аз 200 тан аз ду тараф захмӣ шуданд, марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста боқӣ мемонад.
Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Бештар бихонед :