Талоши Тоҷикистон барои дарёфти 475 миллион доллар кумаки ройгони молӣ дар соли 2022
(last modified 2021-12-08T04:57:05+00:00 )
Декабр 08, 2021 09:57 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои дарёфти 475 миллион доллар кумаки ройгони молӣ дар соли 2022

Бар асоси қонуни буҷети соли нави 2022, Ҳукумати Тоҷикистон рӯи дарёфти 475 миллион доллар кумаки ройгони молӣ аз ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳисоб боз кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, ин мизон кумаки ройгони молӣ барои ҳимоят аз буҷети Ҳукумати Тоҷикистон ва амалӣ кардани бархе аз тарҳҳои зербиноӣ дар соли 2022 харҷ хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 кумаки молии ройгони ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ба Тоҷикистон 248 миллион доллар унвон шудааст.

Аз сӯйи дигар, мизони саронаи даромади солона барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2020 ба 859 доллар расидааст, ки ин шохис дар Қирғизистон 1 ҳазору 224 доллар, Қазоқистон 9 ҳазору 131 доллар ва Русия 10 ҳазору 152 доллар мебошад.

Дар буҷети соли 2022,  33 миллиард сомонӣ барои бахши даромадии буҷети давлат пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 мелодӣ 19. 4 дарсад (муодили 5. 3 миллиард сомонӣ) бештар аст.

Бахши хароҷоти буҷет ба мизони 33. 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мешавад, ки дар муқоиса бо буҷети соли 2021 мелодӣ 600 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп