Таҳвили таҷҳизоти амрикоии назорат бар таҷҳизоти радиоактивӣ ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 08 Dec 2021 07:53:59 GMT )
Декабр 08, 2021 12:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили таҷҳизоти амрикоии назорат бар таҷҳизоти радиоактивӣ ба Тоҷикистон

Амрико таҷҳизоти назорат бар таҷҳизоти радиоактивӣ ба Тоҷикистон эҳдо кард.

Ба гузориши “Ховар”, таҷҳизоти эминӣ ва назорати радиоактивӣ як миллион доллар арзиш дорад.

Ин таҷҳизот ба неруҳои амниятӣ кумак мекунад то бо қочоқи маводи ҳастаӣ ва родиоактивӣ ба Тоҷикистон муқобила кунанд.

Як воҳиди ташхиси радиоактиви сайёри пешрафта, сомонаҳои ташхиси қобили ҳамл, таҷҳизоти назоратӣ, китҳои бозрасии мошин ва хадамоти таъмиру нигаҳдорӣ аз ҷумлаи ин таҷҳизот аст.