Афзоиши 18 миллиондолларии қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ
(last modified Wed, 08 Dec 2021 09:25:38 GMT )
Декабр 08, 2021 14:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 18 миллиондолларии қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ

Вазорати молияи Тоҷикистон аз афзоиши 18 миллиону 400 ҳазор долларии қарзи хориҷии ин кишвар дар 9 моҳи имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, мақомоти ин вазоратхона эълом карданд, ки мизони кулли қарзи хориҷии кишвар дар 9 моҳи имсол ба 3 миллиарду 262 миллиону 100 ҳазор доллар расида, ки баробар бо 38. 2 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар авоили соли ҷорӣ мизони кулли қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиарду 243 миллион доллар буд.

Дар 9 моҳи имсол барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон 120 миллион доллар ҳазина шудааст, ки 40 миллиону 700 ҳазор доллари он суди вомҳои дарёфтшуда аст.

Чин бо ихтисоси 1 миллиарду 200 миллион доллар ҳамчунон дар радаи нахусти кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон қарор дорад.