Декабр 09, 2021 12:23 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 21.65 миллион евро барои мудирияти марзҳо дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо 21.65 миллион евро барои иҷрои марҳалаи даҳуми барномаи мудирияти марзҳо дар Осиёи Марказӣ ихтисос дод.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Бишкек, нишасте бо ҳузури намояндаҳои Иттиҳодия Аврупо ва мақомоти мудирияти марзӣ дар Осиёи Марказӣ дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст ва барои иҷрои марҳалаи даҳуми барномаи кумак ба мудирияти марзӣ дар Осиёи Марказӣ (BOMCA), Иттиҳодия Аврупо 21.65 миллион евро ихтисос дод.

Дар ин нишасти аҳдоф ва мақосиди ин барнома ва ҳамчунин барномаҳое барои иҷрои он дар ҳар 5 кишвари минтақа ироа шуд.

Марҳалаи даҳуми ин барнома бо буҷаи 21. 65 миллион евро бузургтарин ибтикор дар минтақа аст ва ин барнома аз аввали апрели 2021 оғоз ва муддатзамони иҷрои онро 54 моҳ эълом карданд.

Терри Ҳакала, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар ин нишаст гуфт: Барномаи кумак ба мудирияти марзҳо дар Осиёи Марказӣ, ки тавассути Иттиҳоди Аврупо таъмин мешавад, рӯҳияи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи марказӣ, барои иртиқои якпорчагии минтақаиро комилан мунъакис мекунад.

Вай муътақид аст, ки таъомулу якпорчагии минтақаӣ абзорҳои беҳинаро барои ҳалли мушкилоти муштарак ироа медиҳад ва нақши муҳимме дар тазмини амният ва субот дорад.

Барномаи кумак ба мудирияти марзӣ дар Осиёи Марказӣ як барнома пешрав аст, ки тавассути Иттиҳоди Аврупо таъмини молӣ ва тавассути консорсиуме аз шарикони Иттиҳоди Аврупо ва Маркази байналмилалии тавсеаи сиёсати муҳоҷират иҷро мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки консорсиуми шарикон тавассути Горди марзии иёлатии ҷумҳурии Латвия раҳбарӣ мешавад.

Ирои барномаи BOMCA дар Осиёи Марказӣ дар соли 2003 оғоз шуд ва аз он замон ин барнома нақши пешрав дар тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти кантроли марзӣ аз тариқ ба коргирии мафҳӯми мудирияти якпорчаи марзӣ ифо кардааст.

 

Барчасп