Истиқболи мусофирони тоҷик аз парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Узбекистон
Теъдоде аз мусофирони тоҷик барои бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон парвоз бо ширкатҳои узбекистониро афзал медонанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи “Тоҷикистон”, нархи билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир аз Русия ба шаҳрҳои водии Фарғонаи Узбекистон 13 ҳазор рубли русӣ аст, ки ин нарх дар масири парвоз ба Тоҷикистон 20 ҳазор рубли русӣ таъйин шудааст .
Ин дар ҳоле аст, ки сокинони вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, аз шаҳрҳои Узбекистон ба Русия сафар мекунанд, зеро нархи билети парвоз аз Тошканд-пойтахти Узбекистон ба Маскав барои ҳар мусофир 4 ҳазор сомонӣ аст, ки ин мизон дар парвози Хуҷанд ба Маскав 5 ҳазору 500 сомонӣ эълом шуд .
Намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия сабаби боло будани нархи хадамот дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон нисбат ба Узбекистонро боло будани нархи бензин дар Тоҷикистон эълом мекунанд.