Декабр 13, 2021 13:50 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии варзишкори зани Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Боксёри тоҷик қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бокс шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Мижгона Самадова-миллипӯши бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ ба нишони тилло даст ёфт .
Ҷоми ҷаҳонии бокс дар Нижни Вартовскийи Русия баргузор шуд.
Ин мусобиқот дар 13 вазни оқоён ва 6 вазн дар бахши бонувон ва бо ҳузури 139 варзишкор ( 105 мард, 34 зан ) аз 16 кишвар баргузор шуд.
Мижгона Самадова дар вазни то 57 килограм қаҳрамони мусобиқот шуд.
 

 

Барчасп