Эъломи муқаррароти нави сафар ба Эрон
(last modified Wed, 15 Dec 2021 12:25:28 GMT )
Декабр 15, 2021 17:25 Asia/Dushanbe
  • Эъломи муқаррароти нави сафар ба Эрон

Ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон муқаррароти нави пазириши мусофирони вурудӣ дар парвозҳои байналмилалӣ ба Эронро эълом кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, пайрави дастуруламали Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ ва бо ҳадафи афзоиши иқдомоти пешгирона барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона дар кишвар, ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон муқаррароти ҷадиди пазириши мусофирони вурудӣ дар парвозҳои байналмилалӣ ба Эронро эълом кард.

Ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқаррароти ҷадиди худ эълом кард: Ҳамаи мусофирони болои 12 сол дар парвозҳои вурудӣ ба Эрон бояд дар маҳдудаи 72 соати монда ба парвоз, иқдом ба анҷоми озмоиши Пи Си Эр (PCR) кунанд ва гувоҳии ҷавоби манфии тести коронаро ба забони англисӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Дар муқаррароти ҷадид мусофирон бо тобеияти ғайриэронӣ, илова бар тести  PCR, бояд дорои корти ваксинотсияи корона ба забони англисӣ буда ва аз охирин навбати тазриқи воксани онҳо 14 рӯз гузашта бошад.

Бар асоси қавонини ҷадид, ҳамчунин такмили форми худизҳории мусофирон қабл аз парвоз илзомӣ аст.