Муҷавизи боздошти як қозии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон содир шуд
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бо лағви масунияти қазоии Эраҷ Ширинзода, қозии Додгоҳи олии иқтисодии ин кишвар ва муҳокимаи вай мувофиқат кард.
Ба навиштаи сомонаи Спутник, дархости лағви масунияти қазоии Эраҷ Ширинзода ва боздошти вайро Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллии ин кишвар пешниҳод кард, ки пазируфта шуд.
Аммо дар бораи иллати ин иқдом ва иттиҳоми ин қозии Додгоҳи олии иқтисодӣ, тавзеҳ дода нашудааст.
Қаблан дар ҳукми Эмомалӣ Раҳмон ,раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барканории Ширинзода аз симмати қозии Додгоҳи олии иқтисодии ин кишвар, иқдом ва рафтори мухолиф бо ҷойгоҳи қазоват унвон шуда буд.
Боят гуфт , Эраҷ Ширинзода дар соли 2019 дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон медали хидматҳои шоиста дарёфт карда буд.