Тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ меҳвари дидори мақомоти тоҷику Иморот
(last modified Sat, 25 Dec 2021 04:47:15 GMT )
Декабр 25, 2021 09:47 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ меҳвари дидори мақомоти тоҷику Иморот

Дар дидори вазирони фарҳанги Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, баррасӣ шуд.

Ба гузориши Форс, дар мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Нура бинт Муҳаммад Ал Каъбӣ масоили марбӯт ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи фарҳангӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Мақомоти аршади ду кишвар ҳамчунин дар ин мулоқот аз баргузории муназзами рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва рӯзҳои фарҳангии Иморот дар Тоҷикистон истиқбол карданд.

Ҳайати Тоҷикистон ба раёсати вазири фарҳанги ин кишвар дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалии « ЭКСПО – 2020» дар шаҳри Дубай бо мақомоти фарҳангии Иморот мулоқот карданд.