Бозсозии масири Кӯлоб ва вилояти Бадахшон то соли дигар анҷом намеёбад
(last modified Sat, 25 Dec 2021 07:09:36 GMT )
Декабр 25, 2021 12:09 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии масири Кӯлоб ва вилояти Бадахшон то соли дигар анҷом намеёбад
    Бозсозии масири Кӯлоб ва вилояти Бадахшон то соли дигар анҷом намеёбад

Ҳукумати Тоҷикистон аз таъхир уфтодани иҷрои тарҳи бозсозии масири Кӯлоб ва вилояти Бадахшон то соли дагар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи "Тоҷ Як "ба далели густариши вируси корона ширкатҳои чинӣ China Roud ,ки дар соли 2018 муътаҳид ба иҷрои бозсозии ин масири 26 километри бо хазина 50 миллион доллар шуда буд,хостори таъвиқ дар ин тарҳ ба манзури интиқоли таҷҳизоти роҳсозӣ  шудааст.

Бар асоси ин созишнома ширкат чинӣ мебоис ин тарҳро дар соли 2020 такмил кунад,ки аз пардохти аворизи гумрукӣ ва молиёт бар арзиши афзуда маъоф мебошад.

Ин тарҳ шомили бозсозии масири Душанбе ва Чин аз қаламрави мантақаи Кӯлоб ва вилояти Бадахшон мешавад ки Бонки воридот ва содироти Чин ба ин манзур 230 миллион доллар кумаки ройгони молӣ ихтисос додааст.

Ҳамчунини Тоҷикистон  талош мекунад ,ки кӯмаки молии Бонки рушди Исломӣ,Сандуқҳои рушди Арабистон ва Кувайт ва Сандуқи созмони Упакро барои бозсозии масири Душанбе то марзӣ Чин ҷазб кунад.