Декабр 29, 2021 15:36 Asia/Dushanbe
  • 138 доллар – музди миёнаи моҳона дар Тоҷикистон

Музди миёнаи моҳона дар Тоҷикистон ба ҳазору 564 сомонӣ (муодили 138 доллар) расид.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 86 сомонӣ (муодили 7,5 доллар) афзоиш доштааст.

Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, дар соли ҷорӣ (2021) болотарин мизони маоши моҳона ба кормандони бонкҳо ва пойинтарини он ба кишоварзон пардохт шудааст.

Дар соли ҷорӣ кормандони бонкҳо ва ниҳодҳои молӣ бо 4 ҳазору 664 сомонӣ (муодили 444 доллар) болотарин маоши моҳонаро дарёфт мекунанд.

Аммо кишоварзон, муҳитбонон ва моҳипарварон моҳона 669 сомонӣ (59 доллар) маош дарёфт мекунанд, ки пойинтарин мизони маош ва дастмузд дар Тоҷикистон аст.

Маоши моҳонаи коргарони конҳо 2 ҳазору 900 сомонӣ ва энергетика ва об 2 ҳазору 800 сомонӣ эълом шудааст.

Бо ин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи хеш дастур дод, мизони маоши кормандони ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ, низомӣ ва додгоҳӣ аз аввали январи соли 2022 аз 20 то 25 дарсад афзоиш ёбад.

Ҳамчунин бо афзоиши 50 дарсадии нафақаи бознишастагӣ дар Тоҷикистон дар соли 2022 мувофиқат шуд.

Дар ҳоли ҳозир ҳадди ақали нафақаи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 300 сомонӣ аст.

 

 

Барчасп