Декабр 30, 2021 13:08 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадтақии Собирӣ бо Ҷумъахон Файзалӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфтугӯ ва табодули назар кард
    Муҳаммадтақии Собирӣ бо Ҷумъахон Файзалӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфтугӯ ва табодули назар кард

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии ин кишвар боздид ва дар хусӯси заминаҳои тавсеаи ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Эрон гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ва бо раиси он Ҷумъахон Файзалӣ дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳо байни китобхонаҳои миллии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Сафири Эрон зимни ҳузур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ибтидо аз толорҳои «мусаввари таърихӣ» , «осорхонаи китоб», «китобҳои тозанашр» ва «китоби Ҷумҳурии Исломии Эрон» боздид кард.

Сипас дар ин дидор дар мавриди таърихи муштараки ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ва заминаҳои мавҷӯд ҷиҳати тавсеаи муносиботи илмӣ ва фарҳангӣ ва густариши таомулот ва ҳамкориҳо миёни китобхонаҳои миллии Эрон ва Тоҷикистон гуфтугӯ ва табодули назар сӯрат гирифт.

Муҳаммадтақии Собирӣ бо ишора ба 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ  байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва иқдом ба ифтитоҳи нахустин сафорат дар Душанбе кард, ки ҳокӣ аз тавваҷуҳи хоси Теҳрон ба рушд ва густариши равобит бо кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон аст.

Сафири Эрон ва мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба заминаҳои таҳкими муносибот дар арсаҳои фарҳангӣ ва имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳо байни Китобхонаи миллии Тоҷикистону Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули назар карданд.

Дар поёни ин дидор, сафири Эрон дар Тоҷикистон ду ҷилди китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп