Тоҷикистон дар соли 2022 вориди марҳалаи ҷадиди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад шуд
(last modified 2022-01-01T06:42:58+00:00 )
Январ 01, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар соли 2022 вориди марҳалаи ҷадиди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли ҷадиди 2022 ин кишвар вориди марҳалаи ҷадиди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба муносибати фаро расидани соли 2022 таъкид кард, ки яке аз вазоифи муҳим дар ин сол, таъмини рушди бахши санъат дар Тоҷикистон мебошад, зеро солҳои 2021 то 2026 дар Тоҷикистон давраи рушди бахши санъат эълом шудааст, ки шомили барномаҳои сохти корхона ва марокизи тавлидӣ, истифода аз таҷҳизот ва фанновариҳои навин, эҷоди иштиғол ва коҳиши фақру бекорӣ хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон рушди бахши санъатро заминасози пешрафти ин кишвар медонад ва барои иҷрои барномаи 5 солаи эълом шуда, талош ба харҷ хоҳад дод.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом мӯҷиби таъмини ниёзи кишвар бо маҳсӯлоти саноатии дохилӣ, арзаи колои рақобатпазир дар бозори минтақа ва коҳиши вобастагӣ ба воридот аз хориҷ низ хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп