Январ 07, 2022 22:11 Asia/Dushanbe
  • Пайгарди қонунии 3 ҳазору 140 тоҷик аз тариқи Интерпол

Намояндаи Полиси Байналмилал дар Тоҷикистон эълом кард, ки 3 ҳазору 140 табааи ин кишвар аз тариқи Интерпол таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, сарҳанг Шаҳриёр Назаров гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо Полиси Байналмилал созанда мебошад ва ҳамасола наздик ба 100 нафар афроди таҳти таъқиб дар кишварҳои мухталиф боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд.

Вай таъкид кардааст, ки тамоми кишварҳои узви Интерпол мутааҳҳид шудаанд, ки дар ин замина бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

Тоҷикистон аз соли 2004 ба узвияти Полиси Байналмилал даромад ва дафтари намояндагии ин созмон дар соли 2005 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ба гуфтаи сарҳанг Шаҳриёр Назаров, афроде, ки муттаҳам ба мушорикат дар фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ мебошанд, дар феҳристи ононе ки таҳти пайгарди қазоии байналмилалӣ қарор доранд, қарор дода шудаанд.

 

Барчасп