Гарон шудани нархи орд дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 09 Jan 2022 12:01:51 GMT )
Январ 09, 2022 17:01 Asia/Dushanbe
  • Гарон шудани нархи орд дар Тоҷикистон

Нархи орд дар Тоҷикистони дубора боло рафт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нархи орди воридотӣ дар Тоҷикистон дубора афзоиш ёфт.
Як халтаи орди 50 килограмӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 290 сомонӣ фурӯхта мешавад; ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи қабл ҳар халтаи 50 килограмии орд 275 сомонӣ буд .
Орд аз маҳсӯлоти ғизои аслии мардуми Тоҷикистон аст ва боло рафтани нархи он таъсири зиёде дар зиндагии шаҳрвандони тоҷик дорад.
Тоҷикистон ҳар сол ба 2 милион тон гандум ниёз дорад, ки ниме аз онро ворид мекунад.
Коршиносон иллати афзоиши нархи орд дар рӯзҳои ахирро ба тазоҳурот дар Қазоқистон рабт медиҳанд, зеро Тоҷикистон бештар орду гандуми мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад.