Январ 10, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Ба далели авзои амниятии Қазоқистон парвозҳои Душанбе - Алмаато мутаваққиф шуд
    Ба далели авзои амниятии Қазоқистон парвозҳои Душанбе - Алмаато мутаваққиф шуд

Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз таваққуфи парвозҳо миёни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Алмаатои Қазоқистон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи русии ТАСС, ба далели авзои амниятии Қазоқистон парвозҳо миёни ин кишвар ва Тоҷикистон то фароҳам шудани шароити мусоид қатъ шудааст.

Аз ин рӯ, барқарории парвозҳо миёни ду кишвар ба тасмими мақомоти Қазоқистон бастагӣ хоҳад дошт.

Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои чаҳоршанбе ва ширкати қазоқистонии «Остона Эйр» рӯзҳои якшанбе парвози рафту баргашт миёни шаҳрҳои Душанбе ва Алмаато анҷом медоданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп