Афзоиши дубораи қимати билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон ба Русия
-
қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия афзоиш ёфтааст
Қимати билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон ба Русия дубора афзоиш ёфт.
Тайи рӯзҳои ахир қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия афзоиши қобили мулоҳизае дошт.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, агар дар декабри соли 2021 қимати билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир 2 ҳазору 400 сомонӣ буд, акнун ин мизон ба 5 ҳазор сомонӣ расидааст.
Тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб қимати билетро афзоиш доданд.
Масъулони ин ширкатҳо далели афзоиши қимати билетро афзоиши тақозо барои парвози Тоҷикистон ба Русия унвон мекунанд.
Дар соли 2021 ба далели маҳдудиятҳои эҷодшуда ба сабаби густариши бемории Ковид - 19 қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 10 то 12 ҳазор сомонӣ буд, ки дар охири он сол то 70 дарсад коҳиш ёфт.