Январ 13, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти неруҳои низомии тоҷикистонӣ аз Қазоқистон

Неруҳои низомии тоҷик Қазоқистонро тарк мекунанд.

200 низомии тоҷик, ки дар қолаби неруи ҳофизи сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба дархости мақомоти Қазоқистон ба ин кишвар рафта буданд, бар асоси тавофуқи вазирони дифои ин созмон, пас аз поёни маъмурият ба Тоҷикистон бар мегарданд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, дар бораи хуруҷи неруҳои ин созмон дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви СПАД, ки имрӯз –панҷшанбе, 13 январи соли ҷорӣ баргузор мешавад, тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар, дар дидори охири Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо Станислав Зас, дабири кулли СПАД эълом шуд, тайи 10 рӯзи оянда неруҳои низомии СПАД Қазоқистонро тарк мекунанд.

Тоқаев аз иқдоми бамавқеъ ва муҳими ин созмон барои эъзоми нерӯ ба кишвараш барои кумак ба барқарории субот ва амният ташаккур кард.

 

 

 

 

 

 

Барчасп