Шӯрои миллии суботи иқтисодии Тоҷикистон таҳдидҳои рушди пойдорро мушаххас кард
(last modified Sun, 16 Jan 2022 06:15:10 GMT )
Январ 16, 2022 11:15 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои миллии суботи иқтисодии Тоҷикистон таҳдидҳои рушди пойдорро мушаххас кард

Дар нишасти аъзои Шӯрои миллии суботи иқтисодии Тоҷикистон монеъаҳои рушди пойдори ин бахш баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин нишаст, ки ба раёсати Завқӣ Завқизода-вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баргузор шуд, масъӯлони Вазорати молия, Кумитаҳои давлатии андоз, сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон дидгоҳҳои худро дар бораи роҳҳои беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар дар шароити густариши вируси корона баён карданд.

Аз дидгоҳи ин мақомот афзоиши таваррум, коҳиши тавлиди маҳсӯлот ва маводи ғизоӣ, афзоиши ҳазинаҳои дармонӣ, рушди қарзи хориҷӣ, афзоиши қимати сӯзишворӣ ва паёмади тағироти обу ҳавоӣ аз монеъаҳои муҳим дар роҳи расидан ба рушди пойдори иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст . Аз ин рӯ зарурати ислоҳи муқаррароти дарёфти андоз, ҷазби сармояи хориҷӣ ва додани сабукиҳо ба воҳидҳои саноъатӣ ва тавлидӣ вуҷуд дорад .

Ин дар ҳоле аст, ки Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ таъкид кардааст дар соли нави 2022 рушди иқтисоди Тоҷикистон 5.5 дарсад хоҳад буд, ки мақомоти ин кишвар ин нишондодро болои 7 дарсад медонанд.



Бештар бихонед :