Баста шудани дубораи роҳи Душанбе ва Хуҷанд бар асари суқути тарма
Мақомоти ширкати роҳдории Innovative Road Solutions аз баста шудани дубораи масири Душанбе ва Хуҷанд бар асари суқути тарма хабар доданд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, дар пай суқути тарма, ки шаби 16 январи соли ҷорӣ иттифоқ уфтод ҳаракат дар ин масир қатъ шуд ва дар ҳоли ҳозир имконияти рафтуомади васоили нақлиётӣ ва мусофирон вуҷуд надорад.
Дар итилоъияи ин ширкат таъкид шуда аст, ки бар асари суқути тарма дар 48 километрӣ то 73 масири Душанбе ва Хуҷанд ҳаракати тамоми васоили нақлиётӣ қатъ шуд ва ронандагон бояд мунтазири хабари бозгушоии ин роҳ бошанд.
Масири Душанбе ва Хуҷанд танҳо роҳи иртиботии заминӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон мебошад, ки 12 рӯз қабл низ ба далели суқути тарма баста шуда буд.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ ба ронандагон ҳушдор дода аст, ки барои рафтуомад дар танҳо роҳи марказ ба шимоли Тоҷикистон таҷҳизоти эминӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд.
Бештар бихонед: