Январ 18, 2022 20:11 Asia/Dushanbe
  • Қатъи ҳамкории намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон бо гуруҳи тафтиши ҳаводиси Хоруғ

Намояндагони ҷомеъаи Бадахшон бо ироаи дархост аз қатъи ҳамкории хеш бо гуруҳи мавсум ба 44 ки барои тафтиши ҳаводиси шаҳри Хоруғ, ба дастури Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда аст, хабар дод.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, 6 нафар аз ин афрод эълом карданд, ки ба далили бетаваҷҷуҳии мақомоти қазоии аъзои ин гуруҳи муштарк ба дархости онҳо барои баррасии мунсифонаи ҳаводиси рӯзҳои 25 то 28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз муътаризон шуд, ҳамкорӣ бо ин гуруҳро қатъ мекунанд.

Намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон барои азсаргирии ҳамкорӣ бо гуруҳи тафтишоти 44 чанд шарт матраҳ карданд, ки шомили поён додан ба фишор ва таҳдид бар зидди муътаризон, барканории раиси идораи амнияти миллии вилояти Бадахшон, боздошт ва муҷозоти кормандони интизомӣ ва амниятӣ, ки ба сӯи муътаризон тирандозӣ карданд ва барканории раиси идораи полиси шаҳри Хоруғ мешавад.

Бар асоси итилоъияи мақомоти интизомии Тоҷикистон 20 корманди ниҳодҳои қазоӣ ва амниятӣ ва 6 намояндаи ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон узви гуруҳи тафтишоти 44 ҳастанд, ки мебоист ҳаводиси рӯзҳои 25 то 28 ноябри соли 2021 шаҳри Хоруғро мунсифона таҳқиқ кунанд.

 

Барчасп