30 январ замони баргузории ҷашнҳои Сада дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 22 Jan 2022 13:53:33 GMT )
Январ 22, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • 30 январ замони баргузории ҷашнҳои Сада дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо эъломи таърихи баргузории ҷашни Сада аз мардуми кишвар барои ҳузур дар ин ҷашн даъват кард.

Ба гузориши Форс, 30 январи соли ҷорӣ дар  Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мешавад.

Дар ин рӯз мардум дар “Боғи Фирдавсӣ” барои таҷлили ҷашни Сада оташ рушан мекунанд.

Қарор аст, дар ҳошияи ин маросими намоишгоҳи ниҳолу донаи кишоварзӣ низ барпо шавад.

Ҷашни Сада ба муносибати наздик шудани поёни зимистону ҳавои сард ва 50 рӯз қабл аз Наврӯз ва расидани баҳор баргузор мешавад.

Барои аввалин бор ҷашни Сада дар Тоҷикистон ба таври расмӣ дар 30 январи соли 2018 баргузор шуд.