Январ 24, 2022 21:33 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 26 мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 26 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 26 мавриди бемори шиносоишуда теъдоди мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 180 нафар расид, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 971 нафар беҳбуд ёфтанд.

Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ҳамон 124 нафари қаблӣ аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард то кунун 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар дар ин кишвар ваксинаи корона тазриқ карданд, ки баробар бо 75 дарсад аз ҷамъияти болои 18 сол аст.

Ҳамчунин 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар муъодили 63 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли Тоҷикистон дозаи дуввуми ваксинаи корона дарёфт карданд.

Бар асоси барнома, бояд 5 миллиону 828 ҳазору 301 нафар афроди болои 18 соли ин кишвар ваксинаи корона тазриқ кунанд.

Барчасп