Январ 30, 2022 00:06 Asia/Dushanbe
  • Пайванди ногусастании тору пӯди миллати Тоҷикистон ва Эрон бо китоб

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти «Тоҷикистон ва Эрон дар ойинаи нашр» гуфт, тору пӯди миллати Тоҷикистон ва Эрон бо китоб пайванде ногусастанӣ дорад.

Ба гузориши Ситоди хабарии дуюмин Намоишгоҳи маҷозии китоби Теҳрон, нишасти «Тоҷикистон ва Эрон дар ойинаи нашр» бо ҳузури Маъруф Абдураҳмон, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ,  раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон, Маҷиди Асадӣ, нависанда ва тоҷикпажӯҳ, Ҳажири Теҳронӣ, нависанда ва узви Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон ва Маҳмуди Фарҳодӣ, мудири масъули интишороти “Гулбарг” ҷумъаи ҳаштуми баҳман‎моҳи 1400, ҳамзамон бо шашумин рӯз аз Намоишгоҳи маҷозии китоби Теҳрон баргузор ва аз сафҳаи “Скайрум”-и Хонаи китоб ва адабиёти Эрон пахш шуд.

 

Таваҷҷуҳ ба муштаракоти фарҳангӣ дар нишасти “Тоҷикистон ва Эрон дар оинаи нашр”

Маъруф Абдураҳмон, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои ин нишаст ба ироаи гузорише, аз фаъолиятҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон пардохту изҳор дошт, тоҷикон миллате тамаддунофарин ва фарҳангӣ мебошанд ва дар таърихи башарият ҷойгоҳи хосе доранд.

Матни комили суханронии дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти “Тоҷикистон ва Эрон дар оинаи нашр” ба шарҳи зер аст:  

 

Дар ибтидо аз даъват ва пазироӣ барои ширкат дар нишасти имрӯза таҳти унвони “Тоҷикистон ва Эрон дар оинаи нашр” сипозгузорам ва дар ин росто мехоҳам мардуми ҳарду сарзамини ҳамзабонро бо 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ табрик намуда, барояшон рушду рифоҳи бардавом таманно намоям. 

Мусаллам аст, ки тоҷикон миллати тамаддунофару фарҳангӣ мебошанд ва дар таърихи башарият ҷойгоҳи хосе доранд. Албатта, замони давлатдории навини тоҷикон дар қиёс бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи муштараки мову шумо ва суннатҳои ватандориву тамаддунсозии он муддати чандон тӯлонӣ нест. Аммо барои мардуми шарафманди мо муҳим он аст, ки ин давра марҳалаи санҷиши таърихӣ, такмили худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи марзу бум ва мавҷудияти давлату миллат, таъмини сулҳу субот ва эҳёи давлатдории миллӣ мебошад.

Дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ шиддат мегирад, пажуҳиши амиқи таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ яке аз роҳҳои тарбияти таҳаммулпазирӣ мебошад. Воқеан, таърихи пешина ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагони мо бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, ба вижа наврасону ҷавонон аст.

Мардумони мо, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, барои эҳёву ғаноманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш додани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш пайваста саъю талош менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҷиҳати иртиқои ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, ҳамчунин барои тарбияти наслҳои имрӯза истифодаи мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ даҳҳо ҷашну маҳфилҳои муҳим баргузор гардиданд. Дар ин давра чандин ҷашнвораи дорои аҳаммияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид гардида, дар қаламрави кишвар ва берун аз он ҷашн гирифта шуд.

Ҷашни 1100 - солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён, 2700 - солагии китоби муқаддаси «Авесто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, падари шеъри форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 - солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 800 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 - солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ, 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 - солагии шаҳри Истаравшан, 3000 - солагии маданияти Ҳисор, 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин раванд мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Чилла ва Сада дубора эҳё гардид.  

Бо саъю талош ва ҳамкории муштараки кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ойини воқеан мардумии мо, ки таърихи беш аз 6000 - сола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни бостонии мо - Наврӯз ҷойгоҳи байналмилалиро касб кардааст. Дар ин росто, бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани бинои нави Китобхонаи миллӣ, Музеи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ ва бештар аз 40 воҳид кохи фарҳанг дар маркази шаҳру навоҳии кишвар аз дастовардҳои арзишманди фарҳангии мо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба шумор мераванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 18 август «Рӯзи Абӯалӣ ибни Сино», 22 сентябр «Рӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва 30 сентябр «Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ» таҷлил мегардад. Ин аст, ки маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ»,  «Мавлавихонӣ», «Камолхонӣ», «Саъдихонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва «Бедилхонӣ» бо ҳадафи тарғиби афкори созандаи ин бузургон ба ҳукми суннат даромадааст.  

 Лозим ба ёдоварист, ки даврони давлатдории Сомониён, ки ташаккул ва такомули халқи тоҷик ба ҳамин давра мутобиқ аст, дар тамаддуни башарӣ камназир мебошад. Бояд гуфт, ки осори илмиву адабӣ ва фарҳангиву таърихии ин замон ҳамчун дастовардҳои беназири инсоният ба расмият шинохта шуда, бо мазмуну муҳтаво ва арзиши илмиву адабӣ дар миёни ҷаҳониён машҳур шуданд. Дар давраи Сомониён тоҷикон соҳиби девону дафтар, нишону парчам ва сохтори муназзами идориву давлатдорӣ гардида, илму маърифат, фарҳангу адаб ва касбу ҳунар рушди бесобиқа пайдо карда буд. Дар шаҳрҳои бузурги он замон китобхонаву мадрасаҳо, кӯшку саройҳо, дӯкону бозорҳо ва растаҳои ҳунармандӣ бунёд ёфта буданд.

Дар замонҳои гузашта намояндагони аҳли илму адаби муштараки мо бидуни дар назар гирифтани дастрасии нисбатан маҳдуд ба китобу китобхона тавонистанд аз худ мероси оламшумуле боқӣ гузоранд. Аз ин ҷост, ки мо ҳамеша соҳибтамаддуну соҳибкитоб буданамонро таъкид карда, аз абармардони илму фарҳанги хеш ба ифтихор сухан мегӯем. Ин моро водор мекунад, ки барои ташаккул ва такомули фарҳанги китобхониву китобдӯстӣ заминаҳо ва шароитҳои боз ҳам беҳтарро фароҳам созем. 

Дар байни аҷдоди мо маданияти китобдорӣ ва пешбурди илму фарҳанг ривоҷ доштааст, ки осори ҷовидонаи илмӣ ва хусусан, мероси адабиву фарҳангие, ки аз замонҳои  қабл аз мелод то ба имрӯз боқӣ мондааст, далели бебаҳси ин гуфтаҳост. Мардумони куҳанбунёди мо аз қадимулайём китобдӯсту китобхон мебошанд ва ин ганҷинаи бебаҳоро мисли гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя менамоянд. Далелҳои таърихӣ собит месозанд, ки тору пуди миллатҳои мову шумо бо китоб пайванди ногусастанӣ дорад. Агар ба дидаи таҳқиқ ба эҷодиёти бузургтарин адибону шоирон, олимону донишмандон ва файласуфони миллат назар афканем, мебинем, ки китобу китобхонӣ ва арҷ гузоштан ба ин ганҷинаи ноёб мавқеи калидиро касб намудааст. Чуноне, ки шоири ширинкалом Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд:

 

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.  


 

"Тоҷикистон ва Эрон дар ойинаи нашр"

Хушбахтона, дар марҳилаҳои гуногуни таърих ҳамеша шахсиятҳое ба майдони сиёсат қадам ниҳодаанд, ки ба шарофати ақлу заковати онҳо ҳар як насли ҷадид тавонистааст ганҷинаи ниёгонро бо дурдонаҳои тоза ғанӣ гардонад ва барои ояндагон мероси арзишмандеро боқӣ гузорад.

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки нашриёт, ба вижа китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсир ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон ҷойгоҳи муътабаре доштанд, нақши муҳимме ифо карданд.

Дар ин росто, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои Шариф» 11 марти соли 1912 нашр шуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар бештар аз сад соли гузашта маҳсуб мешавад. Устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ҳамчунин рӯзномаи мазкур барои ворид шудан ба майдони матбуот ва фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо заминаи мусоид фароҳам кард. «Бухорои Шариф» чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш таъсиру такони бузурге ба сиёсату иҷтимоиёти замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум бахшид. Ҳамин тавр он сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифии миллат буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим дорад.

Гуфтанист, ки пас аз касби истиқлолияти давлатӣ ба ҳавзаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса шудааст. Аз ҷумла, таҳия ва тасвиби силсилаи муқаррароти қонунӣ ва ҳуқуқӣ доир ба китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар маркази шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили ҳамасолаи “Рӯзи китоб” дар мамлакат ва бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистонро метавон аз муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ кард.

Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” ва мусаввабаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” соли 2003, ҳамчунин ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи муосир мутобиқ намудани авлавиятҳои рушди фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Ба мақсади иҷрои санадҳои мазкур “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” таҳия шуд, ки ҳадафи аслии ин Барнома беҳбуд бахшидан ба ҳамаи самтҳои фаъолияти Китобхонаи миллӣ, бахусус диҷитолӣ кардани китобҳо, таъсиси озмоишгоҳи таъмир ва тармими аснод, ташкили давраҳои бозомӯзӣ, таъсиси маҷаллаи илмӣ ва автоматик кардани равандҳои хидматрасонӣ, компютерӣ кардан ва ҷорӣ намудани текноложии муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхона, тарбияти мутахассисони аршади ҳавза ва такмили сатҳи дониши касбии китобдорон мебошад.

Китобхона, китоб ва китобхонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин талошҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи фарҳанг аст. Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 21 декабри соли 2021 ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ бо 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, мусобиқаҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар хонаводаи тоҷик ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунёро аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ номиданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», олимпиадаву озмунҳои гуногун ва корвонҳои китоб тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон қайд намуд, ки ҷаззобияти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар он аст, ки дар ин озмуни фарогир ҳама сокинони Тоҷикистон сарфи назар аз касбу кору синну сол ширкат меварзанд.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории он вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Дар баробари озмунҳои ҷумҳуриявии мазкур, ҳамчунин ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии “Китоби сол” ва “Китобхонаи беҳтарин” доир мегардад, ки ҳадаф аз баргузории онҳо дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-таҳқиқотии муосири тоҷик мебошад.

Истиқлоли давлатӣ дар мамлакати мо барои рушди ин ҳавза имконот ва шароити мусоид фароҳам сохт. Барои муқоиса, агар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 191 адад рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, имрӯз 621 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 395 нашрия ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Солҳои аввали истиқлол дар кишвар танҳо 1 ожонси иттилоотӣ фаъолият мекард, имрӯз теъдоди онҳо ба 11 адад расидааст. Тибқи омори дар даст дар Вазорати фарҳанг 376 рӯзнома, 245 маҷалла, 319 интишорот, 11 ожонси  иттиллоотӣ ва 71 нашриёт сабт шудаанд. Муассисаҳои нашриявии Ирфон, Маориф, Адиб, Дониш, Аржанг, Омӯ, Сино, Кайҳон, Бухоро, Авесто, Шарқи озод ва ғайра аз зумраи онҳост.

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанг яке аз маъруфтарин муассисаҳо дар Тоҷикистон аст. Шояд дар ватани мо касе пайдо нашавад, ки китобе аз мунташираҳои ин нашриётро нахонда ва хонаводае набошад, ки номае аз чопкардаҳои ин муассисаро дар хона надошта бошад. Фаъолияти ин муассисаи бонуфузи кишварро метавон ба кори неругоҳи азим шабоҳат дод, ки тайи солҳои тӯлонӣ хонаҳо, кую барзанҳо, деҳу шаҳракҳои моро нур мебахшид, яъне: нури маърифат, нури дониш ва нури хирад.

Нашриёти «Ирфон» дар таърихи 7-уми октябри соли 1925 таъсис ёфт, ки раёсати онро шоир Абулқосим Лоҳутӣ ба зима гирифт. Соли 1927 повести «Одина» ва соли 1930 аввалин романи адабиёти тоҷик - «Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ ба чоп расид.

Дар таърихи башарият дар ҳама давру замон дар ҳалли умдатарин масоили иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ ёвару мададгори инсон, ҷомеа ва давлат китоб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, китобҳои асил як умр ёвари рӯйимизии мо ва асрҳои аср пандомӯзи насли башарӣ буданду ҳастанд.

Соли 1933 чопи «Алифбо»-и Ҳилол Каримов барои хонандагон як падидаи тозаи фарҳангию илмӣ ва маърифатӣ буд. «Алифбо»-и мазкур беш аз 50 сол баҳри саводу маърифатомӯзии фарзандони халқи тоҷик хизмати пурарзиш намуд. Нашриёт баробари китобҳои дарсиву илмӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ба чопи адабиёти бадеӣ низ ҷиддӣ шуғл меварзид.

Чун нашриёти «Ирфон» тибқи оинномаи он муассисаи табъу нашри арсаҳои гуногун мебошад, аксаран, ба чопи китобҳои оммавӣ-сиёсӣ ва илмию фаннӣ машғул аст. Бояд ёдоварӣ кард, ки баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон нашриёт ба интишори маводи иҷлосияҳои парлумон ва муҳимтарин аснод ва вохӯриву мулоқотҳои Раиси ҷумҳур бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ иқдом намуд ва дар ҳамаи марҳалаҳои муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ҳузури фаъол дошта, мардумро бо ғизои маънавӣ таъмин намудааст.

Нашриёти дигари Тоҷикистон «Маориф» моҳи январи соли 1958 таъсис ёфта, аз ҳамон замон барои мақотеи дабистон ва дабиристони тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла худи Тоҷикистон китобҳои дарсӣ, барномаҳо, дастурҳои методӣ, луғатҳои гуногун нашр мекунад, инчунин барои донишкадаву донишгоҳҳо китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ интишор менамояд. Яке аз ҳавзаҳои муҳими кори ин нашриёт нашри адабиёти бадеии кудакон ва наврасон низ мебошад.

Осори нашрӣ метавонад, вазъияти ҳамонвақтаи забон, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва лаҳзаҳои торики гузаштаи таърихро равшан созад. Барои нигоҳдошт ва ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ нақши Хонаи китоби Тоҷикистон басо муҳим ва калидӣ дониста мешавад. Зеро имрӯз дар Тоҷикистон ба мувозоти баъзе аз идораҳои расмӣ ягона ниҳоде, ки осори чопии дохилиро дастрас ва ҳифз менамояд, ин Хонаи китоби Тоҷикистон мебошад, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассиса гирдоварӣ, сабт ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳо мебошад. Дар заминаи нусхаҳои асноди ба муассиса воридгардида коркарди библиографӣ ва таҳияи Омори матбуоти Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳамчунин дар асоси нусхаҳои аснод феҳристи библиографияи давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва феҳристи мукаммал таҳия мегарданд. Дар маҷмӯъ ҷамъоварӣ ва ҳифзи нусхаҳо амали хайре барои насли оянда мебошад.

Ба поён омад ин дафтар, ҳикоят ҳамчунон боқӣ (Саъдӣ)

Сухан гуфтан дар боби китоб ва китобдорӣ бисёр арзишманд аст, аммо вақти шумо азизон арзишмандтар. Шуморо ба Худои бузург месупорам ва арзуи саломатӣ дорам.

 

 

Барчасп