Январ 31, 2022 15:53 Asia/Dushanbe
  • Ташкили комиссияи муштараки аломатгузории навоҳии марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ин ҳафта фаъолияти комиссияи муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сар гирифта мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Аки Пресс”, Қамчибек Тошиев дар дидор бо сокинони рустои марзии вилояти Ботканд гуфт, дар 4 моҳ охир ин комиссия фаъол набуд, аммо тайи чанд рӯзи оянда нишастҳои худро бо тарафи тоҷикистонӣ аз сар мегирад.

Вай муддаӣ шуд, Қирғизистон бо бунёди роҳи ҷудогона дар минтақаи Ворух, ки тобеи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва дорои 40 ҳазор ҷамъият мебошад, мувофиқат кардааст.

Дар даргирии шомгоҳи 27 январ дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 2 табааи тоҷик кушта ва 10 низомӣ ва сокинони ғайринизомии ин минтақа захмӣ шуданд.

Тарафи Қирғизистон муддаӣ аст, ки 14 низомии ин кишвар дар ин даргирӣ захмӣ шудаанд.

Дар беш аз ду даҳа музокираи мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.