Январ 31, 2022 19:55 Asia/Dushanbe
  • Қатъи интернет дар вилояти Бадахшон ба мавзуи терроризми иттилоот иртибот дорад

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълом кард, ки қаъти беш аз ду моҳаи интернет дар вилояти Бадахшон ба манзури таъмини амнияти ин минтақа ва муқобила бо терроризми иттилоот, иҷроӣ шудааст.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, Илҳом Атоев ин матлабро дар нишасти хабарии масъулони ин хадамот дар Душанбе унвон кард.

Вай муддаӣ шуд, ки барои тамоми сокинони Тоҷикистон ва бавижа рӯзономанигарон таъмини амният муҳимтарин мавзуъ мебошад, ки бар асоси бандҳои 33 ва 34 қонуни асосии кишвар бояд аз интишори иттилооти барангезандаи низоъ ва бо нооромӣ пешгирӣ шавад.

Аммо вай дар бораи замони барқарории иртиботи интернет дар вилояти Бадахшон тавзеҳ надод.

Иртиботи интернет дар ин минтақа пас аз таҷамуи эътирозии рӯзҳои 25 то 28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз муътаризон шуд, қатъ мебошад.

Аз дидгоҳи намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи барашии байналмиллалӣ, набуди интернет латмаи зиёде ба бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, бонкӣ ва молӣ, хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ва омӯзишии вилояти Бадахшон ворид месозад ва дар ҳукумати Тоҷикистон дархост шудааст, ки иртиботи интернетӣ дар ин минтақаро барқарор созад.

 

Барчасп