10 то 15 феврал музокироти гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки музокироти гурӯҳҳои нақшабардории ин кишвар бо Тоҷикистон барои идомаи ройзаниҳо дар бораи аломатгузории марзи муштарак рӯзҳои 10 то 15 феврали соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Ба гузориши сомонаи Спутник, дар баёнияи ҳукумати Қирғизистон таъкид шудааст, ки ин давр аз музокироти тарафҳо дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад, ки нахустин дидори гурӯҳҳои нақшабардории ин ду кишвар дар соли ҷорӣ хоҳад буд.
Раёсати гурӯҳи Қирғизистонро дар ин музокирот Назирбек Боробоев, намояндаи вижаи ҳукумати ин кишвар дар умури масоили марзӣ бар ӯҳда хоҳад дошт.
Дар ҳоли ҳозир аз 976 километр аз марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи наздик ба се даҳа музокироти ду кушвар танҳо бар сари аломатгузории 519 километр тавофуқ шудааст .
27 январ даргирӣ дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ки мунҷар ба кушта шудани ду сокини ноҳияи Исфара ва захмӣ шудани 10 нафар гардид, ки 6 тан аз онон низомӣ мебошанд.
Тарафи қирғизистонӣ эълом кард, ки бар асари ин ҳодиса 14 низомии ин кишвар захамӣ шудаанд.