Феврал 11, 2022 18:43 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар аз маҳдудиятҳо дар Бадахшони Тоҷикистон

Эътилофи созмонҳои иҷтимоии зиддишиканҷа ва мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар дар изҳороте аз боздошти яке аз раҳбарони ғайрирасмии ҷавонони Бадахшон ва қатъи интернет дар ин минтақа изҳори нигаронӣ карданд.

Ба гузориши “Форс”, Эътилофи созмонҳои иҷтимоии зиддишиканҷа ва мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR) тайи изҳороте аз боздошти Амриддин Аловатшоев, раҳбари ғайрирасмии ҷавонони Бадахшон ва қатъи интернет дар ин минтақа изҳори нигаронӣ кардааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз мушаххас набудани макони Аловатшоев баъд аз боздошт дар Русия ва истирдод ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дидабони ҳуқуқи башар низ дар баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки дастрасӣ ба интернет дар Бадахшонро барқарор ва парвандаи Аловатшоев одилона таҳқиқ ва дастрасии вай ба вакили мудофеъро фароҳам кунанд.

То кунун мақомоти тоҷик нисбат ба мавзеъгириҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар вокунише нишон надодаанд.

Қабл аз ин вазири умури дохилии Тоҷикистон ва додситони кулли Тоҷикистон эълом карда буданд, ки Аловатшоев ба гумони даст доштан дар чанд ҷиноят боздошт шудааст.

Дар хусуси интернет дар Бадахшон низ масъулони Хадамоти алоқа гуфтаанд, ки интернет қатъ нашудааст, балки ба манзури таъмини амнияти шаҳрвандон ва манофеи кишвар маҳдуд шудааст.