Афзоиши наздик ба 500 миллион сомонии қарзи ширкати Барқи Тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтудаи 1
(last modified 2022-02-12T16:22:57+00:00 )
Феврал 12, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши наздик ба 500 миллион сомонии қарзи ширкати Барқи Тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтудаи 1

Мудирияти неругоҳи барқи обӣ Сангтудаи 1 эълом кард, ки қарзи ширкати давлати барқи Тоҷик ба ин неругоҳ дар соли 2021 бо афзоиши 496 миллион сомонӣ акнун ба 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ расид.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин неругоҳ дар соли 2021 наздик ба 2 миллиарду 206 миллион киловатт соат барқ тавлид кард, ки дар муқоиса соли 2020 наздик ба 2 дарсад бештар мебошад.

Нерӯгоҳи барқи обӣ Сангутдаи 1 тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки бо зарфияти тавлиди 670 мегаватт барқ дар сол, дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид. Мудирияти нерӯгоҳи Барқи обӣ Сангутдаи 1 бо вуҷуди талош барои фуруши барқ ба хориҷ ва коҳиши қарзи ширкати давлати барқи Тоҷик дар чанд соли ахир мувафақ ба иҷрои ин барнома нашуда аст.

Русия молики 75 дарсад аз саҳҳоми ин неругоҳ аст, ки 12 дарсад аз барқи неругоҳҳои барқи обӣ Тоҷикистонро тавлид мекунад.

 

Барчасп