Фуру рехтани сақфи мактаб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i81190-Фуру_рехтани_сақфи_мактаб_дар_ноҳияи_Абдураҳмони_Ҷомӣ
Сақфи як мактаб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фуру рехт.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 13, 2022 13:50 Asia/Dushanbe
  • Фуру рехтани сақфи мактаб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Сақфи як мактаб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фуру рехт.

Бар асари фуру рехтани сақфи як мактаб дар рустои Ваҳдат, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вилояти Хатлон ба донишомӯзон осибе ворид нашуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, ин ҳодиса дар навбати баъд аз зуҳри ин мактаб рух дод. Мустафо Балеҷонов мудири мактаб мегуяд ин маркази омӯзишӣ 62 сол қабл сохта шуд ва қарор буд тахриб ва ба ҷои он мактаби нав сохта шавад.

Ӯ афзуд: Дар ин маркази омӯзишӣ 250 донишомӯз таҳсил мекунанд.