Феврал 15, 2022 22:17 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди як солаи замони сабтиноми дубораи симкартҳо дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки замони сабтиноми симкартҳои телефонҳои ҳамроҳи шаҳрвандони ин кишвар ба муддати як соли дигар тамдид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, ба далили поёни муҳлати қаблии замони сабтиноми дубоари симкартаҳои телефони ҳамроҳи ин кишвар дар рӯзи 15 феврали соли ҷорӣ, ин муддат то як соли дигар тамдид шуд.

Бар асоси тасмими қаблии ҳукумати Тоҷикистон бояд то 15 феврали соли ҷорӣ моликони симкартаҳои телефони ҳамроҳи ин кишвар, ки ҳануз шиносномаи қадимии соли 1999 худро ба картаҳои миллии соли 2014 иваз накарданд, аз хадамоти телефони ҳамроҳ маҳрум мешуданд.

Аммо коршиносон таъкид доштанд, ки дар сурати ин иқдом, будҷети ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби пардохт нашудани молиёти ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ 500 миллион сомонӣ даромади молиро аз даст хоҳанд дод, ки ба ин далил тасмим ба тамдид гурифта шуд зеро ба гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон то авохири январи соли ҷорӣ 4 миллион нафар аз сокинони ин кишвар шиносномаи пешинаи худро ба картаҳои ҷадиди миллӣ иваз ва шумораи телефонҳои худро дубора сабт карданд аммо 2 миллиону 400 ҳазор ҳамчунон аз шиносномаи соли 1999 истифода мекунанд, ки 40 дарсади аз муштаракони ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳро ташкил медиҳанд.

 

Барчасп