Волии Хуросон Разавӣ аз вилояти Хатлони Тоҷикистон боздид кард
(last modified Sun, 27 Feb 2022 17:13:09 GMT )
Феврал 27, 2022 22:13 Asia/Dushanbe
  • Волии Хуросон Разавӣ аз вилояти Хатлони Тоҷикистон боздид кард

Волии Хуросон Разавӣ сафараш ба Тоҷикистонро ба вилояти Хатлон идома дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин сафар сафири Эрон дар Тоҷикистон, муъовини волӣ, раиси Созмони саноат, чанд тан аз аъзои Шӯрои исломии Машҳад ва теъдоде аз тоҷирон ва фаъолони иқтисодӣ ширкат доштанд.

Боздид аз сарбанди Норак, муҳимтарин сарбанди гилин дар Тоҷикистон, ки дар рӯдхонаи Вахш воқеъ аст ва ба унвони муҳимтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон маъруф аст, аз тарҳҳои волии Хуросони Разавӣ дар ин сафар буд.