Таъсири манфии ҷанги Русия дар Украина ба равобити Тоҷикистон ва Русия
(last modified Sun, 06 Mar 2022 09:09:20 GMT )
Март 06, 2022 14:09 Asia/Dushanbe
  • Таъсири манфии ҷанги Русия дар Украина ба равобити Тоҷикистон ва Русия

Коршиноси масойили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст тӯлонӣ шудани буҳрони Украина метавонад дар равобити иқтисодии Душанбе ва Маскав таъсири манфӣ бигузорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвекустами Суҳроб мегуяд таҳрими бонкҳо ва марказҳои тавлидии Русия дар дарозмуддат таъсири ногуворе дар мизони даромади коргарони муҳоҷири тоҷик хоҳад дошт.

Вай афзуд : Коргарон бо коҳиши шадиди арзиши рубли русӣ ва ирсоли даромади молӣ ба Тоҷикистон рӯбарӯ шуданд.
Коршиноси масойили сиёсии Тоҷикистон изҳор кард: Мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар соли 2021 ба 1 миллиарду 350 миллион доллар расид, ки метавонад бо коҳиши чашмгире рӯбарӯ шавад .
Рустами Суҳроб идома дод,ки таътилии корхонаҳои бузурги саноъатии Русия муҷиби афзоиши теъдоди бекорон аз ҳисоби коргарони муҳоҷири тоҷик хоҳад шуд .
Аз сӯи дигар Тоҷикистон воридкунандаи умдаи сухт, таҷҳизоти саноъатӣ ва чубу тахта аз Русия аст, ки бидуни тардид таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав дар ин замина низ таъсири манфӣ хоҳад дошт .