Март 08, 2022 10:17 Asia/Dushanbe
  • Таъсири маҳдудияти интиқоли пул аз Русия ба хориҷ ва таъсири он ба Тоҷикистон

Бонки марказии Русия аз рӯзи 5 марти соли ҷорӣ мизони интиқоли пул аз ин кишвар ба хориҷро ба 5 ҳазор доллар ё муодили он дар моҳ маҳдуд кард.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, дар пайи ин тасмим мавзӯи таъсири ин иқдом ба мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик, аз Русия матраҳ шуд, ки яке аз манобеи муҳими таъмини ниёзи маъишатии хонаводаҳои ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Аммо Ринат Каримов, раиси Иттиҳодияи синфии коргарони муҳоҷир дар Русия муътақид аст, ки ин маҳдудият ҳеҷ таъсире ба мизони даромади ирсолии ин афрод, аз ҷумла тоҷикҳо нахоҳад дошт.

Зеро умдаи даромад ирсолии ин афрод ба кишварашон ба рубли русӣ мебошад ва дар моҳ ба муодили 5 ҳазор доллар нахоҳад расид.

Бар асоси гузориши Бонки марказии Русия дар 9 моҳи соли 2021 коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон 1 миллиарду 300 миллиондоллар дар сол кардаанд, ки 90 дарсади ин манобеи молӣ ба рубл будааст.

 

Барчасп