Март 09, 2022 21:25 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ барои тавсеаи равобити дуҷониба
    Омодагии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ барои тавсеаи равобити дуҷониба

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва раиси кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратиро хостор шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Пок Ҷунг, раиси кумитаи ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста ба раёсаи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар дидор бо якдигар дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар мавриди чашмандози тавсеаи равобити ду ҷонибаи байни ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ройзани  карданд.

Равобити дипломатии байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар 27 апрели соли 1992 барқарор шуда аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ҳам моҳи апрели 2015 ифтитоҳ ва раёсати онро дар ҳоли ҳозир Юсуф Шарифзода бар уҳда дорад.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин дидор бар аҳамияти идомаи ҳамкории ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилллалӣ таъкид шуд.

 

Барчасп