Посухи Ширкати “Сомон-Эйр” ба мавзӯи гаронии билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” ба пурсише мабни бар иҷро накардани дастури Созмони ҳавопаймои кишварии Тоҷикистон дар заминаи коҳиши қимати билет дар парвозҳо ба Русия посух дод.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти ин ширкат гуфтаанд, ки танҳо 18 дарсад аз парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия дар ихтиёри ин ширкат мебошад ва бақияро ҳавопаймоҳои Русия анҷом медиҳанд.
Аммо дар посухи ин ширкат қимати дақиқи билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир аз Тоҷикистон ба Русия зикр нашудааст. Ҳарчанд, ки дар дафтарҳои фурӯши белат ин қимат барои ҳар мусофир 8 ҳазору 431 сомонӣ таъйин шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар декабри соли 2021 қимати билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир 2 ҳазору 400 сомонӣ буд.
Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия далели афзоиши қиммати билет дар парвозҳои муназзами ҳафтаиро, афзоиши тақозо барои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва гаронии сӯхт унвон мекунанд. Аз сӯи дигар Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дастури коҳиши билети ҳавопаймо дар масири Русияро содир кардааст, ки то ба ҳол иҷро намешавад.
Бештар бихонед: