Талоши Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Белорус
(last modified Sun, 13 Mar 2022 07:14:51 GMT )
Март 13, 2022 12:14 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Белорус

Вазири кишоварзии Тоҷикистон ба сафири Белорус мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Саъдӣ Каримзода ва Виктор Динисенко дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ ва воридоти маҳсулот ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Сафири Белорус дар Тоҷикистон аз омодагии кишвараш барои содироти мошинолоти кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, туҳмиҳои босифати картошка, чорво ва маҳсулоти ширӣ хабар дод.

Ҳамчунин дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон баҳсу табодули назар шуд.
Дар дидори вазири кишоварзии Тоҷикистон ва сафири Белорус роҷеъ ба ба баргузории Комиссиюни муштараки ҳамкорҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Минск дар ҳошияи намоишгоҳи байналмиллалии "Белагро" низ тавофуқ шуд .

 

Барчасп