Вазорати маорифи Тоҷикистон барои мактабҳои русизабон муаллим ҷалб мекунад
(last modified Wed, 16 Mar 2022 04:47:23 GMT )
Март 16, 2022 09:47 Asia/Dushanbe
  • Вазорати маорифи Тоҷикистон барои мактабҳои русизабон муаллим ҷалб мекунад

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз истихдоми муаллимон барои фаъолият дар мактабҳои русизабон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, шарти истихдоми ин афрод донистани забонҳои русиву тоҷикӣ ва таърихи Русияву Тоҷикистон унвон шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин муаллимон барои тадриси улуми риёзӣ, физика, химия, забони русӣ ва табиатшиносӣ дар мактабҳои дар ҳоли сохт дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Турсунзода ва Кӯлоб истихдом хоҳанд шуд.

Замони сабти ном ва ироаи мадорик рӯзи 28 майи соли ҷорӣ ба поён мерасад.

5 мактаби русизабони нав аз ҳисоби буҷети ҳукумати Русия дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Турсунзода ва Кӯлоб дар ҳоли сохт аст, ки дар рӯзи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ва оғози соли таҳсилии нав ба баҳрабардорӣ мерасад.

Ҳар як аз ин марокизи таҳсилӣ имкони гунҷоиши 1 ҳазору 200 донишомӯзро дорад.