Март 16, 2022 15:19 Asia/Dushanbe
  • Маросими бистуҳафтумин солгарди шаҳодати шаҳид Мазорӣ дар шаҳри Душанбе

Маросими бистуҳафтумин солгарди шаҳодати шаҳид Мазорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин маросим дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва донишҷӯён, устодон ва теъдоде аз аъзои Анҷумани муҳоҷирини занон дар Душанбе баргузор шуд.

Дар ин маросим Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, шаҳид Мазорӣ ба хотири арзишҳои миллӣ ва ҳамбастагии мардуми Афғонистон талош кард ва душмании ақвомро фоҷеа мехонд.

Вай афзуд: Тарҳи шаҳид Мазорӣ барои эҷоди сохтори низоми одилона арзиши таърихӣ дошт ва ӯ танҳо роҳи ҳалли мушкилоту мунозиоти дохилиро интихобот ва орои мардум медонист.  

Вай дар бахше аз суханонаш баъзе аз намояндагиҳои сиёсиро мавриди накуҳиш қарор дод таъкид кард, то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст, вале бо таассуф баъзе сафирон хилофи хостаҳои мардум дар тақобул бо усули дипломатияи ҷаҳон, пазироӣ аз намояндаи Толибон мекунанд, ки бидуни шак мардуму шаҳрвандони Афғонистон дар ҳар куҷое, ки ҳастанд дар баробари чунин рафторе хоҳанд истод.

 

 

Барчасп