Март 16, 2022 20:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши воридоту коҳиши содироти Тоҷикистон таи ду моҳи нахусти соли 2022

Муомилоти тиҷории Тоҷикистон таи моҳҳои январу феврали соли ҷорӣ ба 1 миллиарду 100 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш афзоиши 6.10 дарсадиро нишон медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, дар ин муддат мизони воридот ба 863 миллион доллар расида, ки дар муқоиса бо содирот 583 миллион доллар бештар шудааст .
Аммо мизони содирот 280 миллион доллар эълом шуда, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ то октябри соли 2021 коҳиши 46 дарсадиро нишон медиҳад.
Кишварҳои аслии мақсади содироти маҳсулоти Тоҷикистон таи ду моҳи нахусти соли 2022 Қазоқистон бо 32 дарсадин бо 16.6 дарсад,Туркия бо 12,2 дарсад ва Узбекистон бо 9.9 дарсад будаанд.
Аз сӯи дигар воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин муддат 26.1 дарсад аз Русия, 21.9 дарсад аз Чин ва 17 дарсад аз Қазоқистон будааст.

 

Барчасп