Даромади 1 миллиарду 795 миллион доларии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
Коргарони муҳоҷири тоҷик соли гузашта 1 миллиарду 795 миллион доллар даромади моллӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол доданд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик , Бонки марказии Русия эълом кард, коргарони муҳоҷири тоҷик ин мизон даромади молии худро аз тариқи бонкҳои мухталиф ба бонкҳои Тоҷикистон мунтақил карданд.
- Русия 150 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикро афв кард
- Маскав дар Тоҷикистон маркази ҷазби коргарони муҳоҷир ифтитоҳ мекунад
Коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2020 як миллиарду 741 миллион доллар ба Тоҷикистон ирсол карданд,ки ин мизон дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 759 миллион доллар коҳиш ёфт буд.
Ҳамчунин дар соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик 2-ним миллиард доллар ба Тоҷикистон ирсол карданд, ки ин маблағ баробар бо 30 дарсад тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар он сол буд.
Бештар бихонед: