Душанбе барои фасли зимистон омодааст
Бо вуҷуди шуруи зудҳангоми фасли сармо ва бориши барф дар ин кишвар, токунун барои мардуми шаҳри Душанбе мушкилоти хосе ба вуҷуд наёмадааст.
Ба иттилои “Ховар”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд: Ҳукумати шаҳр пурра ба давраи зимистон омодааст.
Дар ҳамин ҳол Дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе эълом кард: Дар паи оғози сармо дар Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо судури дастуре мақомоти шаҳрдориро муваззаф кард, то барои расидагӣ ба мушкилоти сокинони пойтахт дар ин рӯзҳои сард ба сурати шабонарӯзӣ дар маҳалли кор бошанд.
Шифти кори шабонарӯзии мақомоти шаҳрдории Душанбе то 26-и март идома хоҳад дошт.
Абдуалим Самизода, сармуҳандиси шабакаи барқии шаҳри Душанбе баён намуд, ки то имрӯз ягон садамаи баландшиддати барқӣ ба қайд гирифта нашудааст.
“Шабакаи барқии шаҳри Душанбе ба зимистонгузаронӣ омода буда, маводи зиёди зарурӣ дастрас карда шудаанд. Хатҳои барқии иловагии 16- километра насб гардидаанд”, -гуфт Абдуалим Самизода.
Ба гуфтаи мавсуф, дар шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 11 миллиону 910 ҳазору 988 кВ барқ ба аҳолӣ дода мешавад, ки ин миқдор барқ нисбат ба барқи фасли тобистон ду маротиба зиёд аст. Ҳоло садамаҳои пастшиддати барқӣ нисбат ба солҳои пешин бамаротиб кам гардидаанд.
Ҳаво дар Тоҷикистон имсоли зудтар аз ҳамеша ногаҳонӣ сард шуд ва сардии сибирӣ саросари ин кишварро фаро гирифт.
Аз 20-и ноябр мардум дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон шоҳиди бориши барф будаанд.