Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон ва назорат бар нархҳо
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои таъмини маводи ғизоӣ ва назорат бар қиматҳо барномарезӣ шавад.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ҳайати Ҳукӯмати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ишора ба фаро расидани моҳи мубораки Рамазон дастур дод, ки барои таъмини маводи ғизоии мавриди ниёзи мардум назорат бар қиматҳо иқдом кунанд.
Вай аз масъулони ниҳодҳои иқтисодии кишвар хост, ки дар моҳи мубораки Рамазон назорат бар авзоъи бозорҳоро ташдид ва аз афзоиши қимати маводи ғизоӣ, ҷилавгирӣ кунанд.
Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки барои ифтитоҳи масирҳои ҷадиди парвоз ба кишварҳои хориҷӣ, ҷазби гардишгарон ва назорат бар нархи билети ҳавопаймо барномарезӣ шавад.
Бар асоси эъломи Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, 2 апрели соли ҷорӣ оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон аст.
Бештар бихонед:
- Ибтикори шаҳрдории Душанбе барои коҳиши нархи маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон
- 2 апрел; оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон