Афзоиши парвозҳои ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ба Русия
(last modified Fri, 01 Apr 2022 15:19:51 GMT )
Апрел 01, 2022 20:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши парвозҳои ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ба Русия

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон муҷаввизи анҷоми 14 парвоз дар ҳафта ба Русияро дарёфт кард.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, акнун ин ширкат ҳамарӯза ду парвози рафту баргашт аз Тоҷикистон ба Русия анҷом хоҳад дод.

Гуфта мешавад, ки қимати билет барои ҳар мусофир аз Тоҷикистон ба Русия 300 евро (муодили 4 ҳазору 313 сомонӣ) ва баргашт 130 евро (муодили 1 ҳазору 869 сомонӣ) мебошад.

Қаблан мақомоти Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон аз тааҳҳуди мудирони ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои гарон накардани қимати билет дар масири Тоҷикистон ва Русия хабар дода буданд. Гуфта мешуд, ки қимати билет набояд аз 250 то 300 евро бештар бошад.

Ин мақомот таҳдид кардаанд, ки дар сурати тахаллуф аз ин дастур иҷозатномаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ лағв мешавад.