Дурахшиши ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022"
Ҷудокори тоҷик нишони биринҷии мусобиқоти байналмилалии Анталия 2022-ро ба даст овард.
Ба гузориши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Темур Раҳимов, дар мусобиқоти инфиродии “Antalya Grand Slam 2022” ба нишони биринҷӣ даст ёфт.
Ин мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.
Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда, бар Григорий Приор аз ШМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз мағлуб гардид.
Ин паҳлавони тоҷик сипас дар қувваозмоии тасаллибахш Ушангӣ Кокаурии озарбойҷонӣ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.