Ҳиндустон ба Тоҷикистон беш аз $1 млн медиҳад
Апрел 14, 2022 05:00 Asia/Dushanbe
вакилони парлумони Тоҷикистон ёддошти тафоҳумеро байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба тасвиб расониданд, ки маблағгузории ҳар як ин лоиҳа 16,94 млн сомонӣ ё зиёда аз 1 млн доларро дар бар мегирад.
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар шарҳи ёддошти мазкур дар ҳузури вакилон гуфт, ки он барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст
- Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз татбиқи ёддошти тафоҳум маблағгузории инфрасохтори зарурӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, кишоварӣ, агросаноатӣ, обёрии хурд, энергияи барқароршавнада, савдо, нақлият, коммуникатсия ва дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад.
- Интихоби лоиҳаҳо сарфи назар аз соҳа аз ҷониби мақомоти ваколтдор ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, - гуфт Қаҳҳорзода