Эмомалӣ Раҳмон сафарашро ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи "ТАЛКО Голд" оғоз кард
(last modified 2022-04-14T07:16:11+00:00 )
Апрел 14, 2022 12:16 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон сафарашро ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози сафари кориаш ба вилояти Суғд, нахуст корхонаи маъдантозакунии “ТАЛКО Голд" ро ифтитоҳ кард.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, Эмомалӣ Рамҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд сафар кардааст.

Таъкид шудааст, ки сафари кории Президент аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Нахуст Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ корхонаи маъдантозакунии “ТАЛКО Голд”-ро ифтитоҳ кард.


  • Иттилоъ дода шудааст, ки дар корхонаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

  • “Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад”, - хабар додааст манбаъ.

  • Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад.
  • Манбаъ илова кардааст, ки аксари кормандонро ин корхонаи навро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Таъкид гардид, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон 24 июни соли 2018 оғоз гардида буд.
 

Барчасп