Ноябр 25, 2016 20:58 Asia/Dushanbe
  • Интишори феҳристи ҷадиди тоҷикҳои узви ДИИШ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳристи ҷадиде аз шаҳрвандони ин кишварро, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, мунташир кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории “Форс”, сайти расмии Вазорати дохилаи Тоҷикистон феҳристи 29 тан аз шаҳрвандони ин кишварро ба ҳамроҳи аксҳояшон мунташир кард, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд.

Бино ба эъломи дафтари матбуотии Вазорати дохилаи Тоҷикистон, калонтарини ин афрод 55 сол ва кӯчактарини онҳо камтар аз 24 сол син доранд.

Ҳамчунин ному тасвири панҷ зани ҷавон низ дар ин феҳрист мушоҳида мешавад.

Бисёре аз аксҳои ин афрод, ки дар ҳоли ҳозир дар сафҳои ДИИШ дар Сурияву Ироқ меҷанганд, аз хонвводаи онҳо дарёфт шудааст.

Ахиран Вазорати дохилаи Тоҷикистон эълом карда буд, теъдоди шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваставу дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат доранд, ҳудуди ҳазору сад нафар аст, ки ҳудуди 300 нафар аз онон кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълом кардаанд, афроде, ки ба таври довталабона ба ватан баргарданд, муҷозот нахоҳанд шуд.

 

Барчасп